Нишондиҳандаҳои буҷет ба бозбинӣ ниёз надоранд

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон ба бозбинӣ ниёз надоранд. «Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», – гуфт Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза. Вазир қайд кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои буҷет ба андозаи ҳамагӣ 96,7% ба иҷро […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон ба бозбинӣ ниёз надоранд.

«Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», – гуфт Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза.

Вазир қайд кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои буҷет ба андозаи ҳамагӣ 96,7% ба иҷро расиданд. «Аммо барои иҷрои пурраи буҷет дар нимсолаи дуюми соли равон ҳамаи имконот мавҷуданд», – иброз дошт ӯ дар идома.

Бино ба таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод, иҷрои буҷет пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиш дар бахши саноат ва кишоварзӣ имконпазир мегардад.

Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки тӯли 6 моҳи соли 2015 ҳаҷми афзоиши маҳсулоти саноатӣ беш аз 14% ва маҳсулоти кишоварзӣ – қариб 7%-ро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, нимсолаи аввали соли 2015 ба буҷет дар ҳаҷми 6,9 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ҳамагӣ ба 96,7%-и нақша баробар аст. Ба истилоҳи дигар дар ин давра ба буҷети давлатӣ аз нақша тақрибан 235 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд