Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқободу Пекин ва Маскав

Моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Ашқободу Пекин ва Маскав пешбинӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои 19-20 август Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф оварда, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунид бо сарвари ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳҳаммедов […]

Аваз Юлдошев



Моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрҳои Ашқободу Пекин ва Маскав пешбинӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои 19-20 август Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф оварда, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунид бо сарвари ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳҳаммедов имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба байни кишварҳо дар назар аст.

Бо даъвати раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин президенти Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр аз шаҳри Пекин боздид намуда, дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ва сиёсати ҷангҷӯёнаи Ҷопон ширкат меварзад.

Рӯзи 23 сентябр президенти Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Русия ба маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеъи нав дар хиёбони Олимпийскимййи шаҳри Маскав даъват шудааст.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, Масҷиди ҷомеи нави Маскав бузургарин дар Аврупо аст. Баландии он тақрибан 75 метр ва майдони фарогирифтаи он на камтар аз 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар дохили ин масҷид дар як вақт ҳудуди 5 ҳазор нафар ва майдони паҳлӯи он боз наздики 18 ҳазор нафар ҷойгир шуда метавонанд. Ба маросими ифтитоҳи масҷиди мазкур ҳукумати Русия сарони кишварҳои аксари давлатҳои мусалмонии ҷаҳонро даъват кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.