Вазири рушди иқтисод: Пешгӯиҳои мо маъмулан ба воқеъият наздиканд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 6,4% пешгӯӣ мекунад. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷориро дар сатҳи 3% пешгӯӣ мекунанд, вале аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 6,4% пешгӯӣ мекунад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷориро дар сатҳи 3% пешгӯӣ мекунанд, вале аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал он 6,4%-ро ташкил дод ва мувофиқи пешгӯиҳои вазорат, аз рӯи натиҷаҳои солона низ сатҳи рушд дар ҳамин сатҳ боқӣ хоҳад монд. «Пешгӯиҳои мо маъмулан ба воқеъият наздиктаранд», – таъкид дошт ӯ.

Ҳикматуллозода қайд кард, ки аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал мизони таваррум дар бахши истеъмолӣ ҳамагӣ 2,6%-ро ташкил додааст, ки «нишондиҳандаи хуб» аст.

Ба гуфтаи ӯ, то охири сол сатҳи таваррум аз 7% зиёдтар намешавад. «Соли оянда низ сатҳи таваррумро дар ҳамин сатҳ пешбинӣ дорем», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид дошт, ки мувофиқи пешгӯиҳои вазорат, соли оянда афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар сатҳи 7% боқӣ мемонад. «Кишвари мо аз имконоти зиёди истифоданашуда бархурдор аст, ки ба мо барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо кумак мекунад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.