Соддагардонии расмиёти савдо дар доираи Созишномаи СТҶ

Намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва доираҳои коршиносӣ  муҳиммияти соддагардонии расмиёти савдоро баррасӣ намуда, бо талаботи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии савдо (TFA) ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар баробари СТҶ дар самти мазкур шинос шуданд. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи соддагардонии расмиёти савдо имрӯз, 29-уми […]

Иттилоияи расмӣ



Намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва доираҳои коршиносӣ  муҳиммияти соддагардонии расмиёти савдоро баррасӣ намуда, бо талаботи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии савдо (TFA) ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар баробари СТҶ дар самти мазкур шинос шуданд.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯъи соддагардонии расмиёти савдо имрӯз, 29-уми июл, дар шаҳри Душанбе анҷом пазируфт. Ин давра бо ибтикори Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Давраи омӯзишии мазкур ҷузве аз талошҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ҷиҳати таъсис ва роҳандозии фаъолияти Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. Ниҳоди нави давлатӣ бо ҳадафи соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии муқаррароти марбут ба тиҷорати байнулмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо мебошад. То имрӯз, гузориши

«Таъсиси Кумитаи миллӣ доир ба соддагардони расмиёти савдо дар Тоҷикистон. Аз шарҳи маънӣ то ба ҳукми қонунӣ»

аз ҷониби МТБ таҳия ва миёни шарикон паҳн шудаааст. Гузориши мазкур дар торнамои мо бо забонҳои инглисӣ ва русӣ низ дастрас мебошад.

Бону Октавиа Черкез, мушовири байнулмилалии МТБ, мегӯяд: «Соддагардони расмиёти савдо, махсусан, масъалаҳои вобаста ба марз ва масъалаҳои дохилӣ, ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои зиёде (созмонҳо, оҷонсиҳо) ва дар сатҳҳои гуногуни ин ниҳодҳоро талаб мекунад. На ҳама ниҳодҳо сиёсат ва вазифаҳои сохтории худро ба таври комил идора мекунанд. Масалан, дар ҳоле, ки ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ва назорат аз болои ин ҷамъоварии он ба дӯши Кумитаи гумрук вогузор гардидааст, сиёсати муайянсозии таърифаҳои гумрукӣ бар уҳдаи ягон ниҳоди дигар, ба монанди вазорати молия, вазорати тиҷорат ё иқтисод мебошад. Ҳадаф аз фаъолияти Кумитаи нав ҳамоҳангии фаъолияти ҳамин ниҳодҳо ва ба созиш расидани ниҳодҳое мебошад, ки баъзан ба тиҷорати фаромарзӣ назари комилан мутафовит дорад. Ҳамин гуна, ниҳодҳои миллии соддагардони расмиёти савдо ба манфиати миллӣ кор хоҳанд кард, ба шарте, ки дар фазои мусоид фаъолият кунанд, яъне, ниҳодҳои марбута уҳдадориҳои худ дар баробари ин кумита ва вазифаҳои рушди миллиро дарк кунанд. Вазифаҳои рушди миллӣ аз боло бурдани сатҳи рақобатпазирии Тоҷикистон, рушдёбӣ аз ҳисоби тиҷорат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвар иборат мебошад».

Дар дарозмуддат, фазои тиҷоратии Тоҷикистон дар натиҷаи коҳиш ёфтани хароҷоти муомилоти амалиётҳои фаромарзӣ ҳам аз нигоҳи сарфи вақт ва ҳам аз ҷиҳати молиявӣ манфиат хоҳад бардошт.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.