Н.Ҳикматуллозода: Аз таҳримҳои Ғарб нисбати Русия Тоҷикистон ҳам зиён мебинад

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза изхор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия аз ҷониби кишварҳои ғарб ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсир расониданд. Ӯ қайд кард, ки нимсолаи аввали соли 2015  ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон 21,9%, аз ҷумла ҳаҷми воридот – 25% коҳиш ёфт. «Ин коҳиш асосан аз ҳисоби […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза изхор намуд, ки таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия аз ҷониби кишварҳои ғарб ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсир расониданд.

Ӯ қайд кард, ки нимсолаи аввали соли 2015  ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон 21,9%, аз ҷумла ҳаҷми воридот – 25% коҳиш ёфт. «Ин коҳиш асосан аз ҳисоби камшавии ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо Русия ва Қазоқистон, ки шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд, ба вуҷуд омад», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли дуҷонибаи Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11,4% ва бо Қазоқистон – 16,9% кам шудааст.

«Ғайр аз ин, – идома дод Ҳикматуллозода. – Набояд фаромӯш сохт, ки аксари муҳоҷирони мо дар қаламрави Русия кор мекунанд ва ҳаҷми маблағҳои фиристодаи онҳо низ дар ин давра кам шуда, ин ба поинравии қобилияти харидорӣ дар бозори дохилии ҷумҳурӣ оварда расонид».

Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ ба Тоҷикистон 32% коҳиш ёфтааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби вазорат тадбирҳои зиддибуҳронӣ пешниҳод гардидаанд, ки ба коҳиши таъсири буҳрони Русия ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат мекунанд. «Минбаъд мо ба хориҷа умед набаста, балки  ба имконоти дохилӣ 

бояд 


такя кунем», – афзуд вазир. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.