ҲНИТ: Кабирӣ дар хориҷа мемонад, САҲА ба муроҷиати мо расидагӣ кард

– Дар шароите, ки ҳукуматдорони ҷумҳурӣ фишор болои Ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ва ҷонибдорони онро кам намекунанд, дар бораи аз хориҷа ба ватан баргаштани пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳарф гуфтан ҷоиз нест, – изҳор намуд ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит. Ба қавли ӯ, Муҳиддин Кабирӣ мудом бо ҳизб дар робита аст. «То имрӯз […]

Аваз Юлдошев



– Дар шароите, ки ҳукуматдорони ҷумҳурӣ фишор болои Ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ва ҷонибдорони онро кам намекунанд, дар бораи аз хориҷа ба ватан баргаштани пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳарф гуфтан ҷоиз нест, – изҳор намуд ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит.

Ба қавли ӯ, Муҳиддин Кабирӣ мудом бо ҳизб дар робита аст. «То имрӯз ба муроҷиати раҳбарияти ҲНИТ ба унвони СММ, САҲА, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, роҳбарони кишварҳои кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон танҳо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо расидагӣ карда, ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ нота ирсол намуд», – қайд кард М.Ҳайит.

Муовини раиси ҲНИТ таъкид дошт, ки дар бораи ба ҳукуматдорони Тоҷикистон ирсол шудани нотаи САҲА чанде қабл ба ҲНИТ намоянаи ин созмон хабар додааст. «Дар бораи мазмуну мундариҷаи нотаи САҲА намояндаи созмон ба мо чизе нагуфт», – афзуд Маҳмадалии Ҳайит.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 июн Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар 

ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон муроҷиат намуд.

 ҲНИТ бар ин назар аст, ки зулм нисбати ҳизб метавонад сатҳи тундгароӣ миёни аҳолиро зиёд карда, амният дар минтақаи Осиёи Марказиро зери хатар гузорад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Маркази исломшиносӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар робита ба муроҷати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон

 изҳорот

 пахш намуданд.


Маркази исломии Тоҷикистон ба ҲНИТ тавсия дод

, ки созишномаи сулҳи миёни тоҷиконро бори дигар бихонанд ва дар ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд.


Шӯрои сиёсиии Ҳизби Демократи Тоҷикистон 

дар изҳороти худ дар ин робита зикр кард, ки муроҷиатномаи ҲНИТ онҳоро нороҳат сохтааст.

Раёсати Кумитаи марказии Ҳи

зби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ)

 низ дар ҷаласаи имрӯзаи худ муроҷиати Шӯрои Олии сиёсии ҲНИТ-ро 

баррасӣ намуда,

 онро маҳкум ва «ногаҳониву бемулоҳиза» унвон кард.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.