Ҳавопаймоҳои мусодирашудаи Rolkan Investments Ltd ҳоло ҳам дар Қӯрғонтеппа қарор доранд

Ду ҳавопаймои мусодирашудаи навъи АН-27-и ширкати Rolkan Investments Ltd ҳоло ҳам дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд. Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ҳавопаймоҳо барои аз ҷониби халабонон риоя нашудани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба авиатсияи гражданӣ мусодира шуда буданд. М.Раҳмонов таъкид […]

Пайрав Чоршанбиев



Ду ҳавопаймои мусодирашудаи навъи АН-27-и ширкати Rolkan Investments Ltd ҳоло ҳам дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор доранд.

Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала гуфт, ин ҳавопаймоҳо барои аз ҷониби халабонон риоя нашудани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба авиатсияи гражданӣ мусодира шуда буданд.

М.Раҳмонов таъкид дошт, ки нисбати халабонон аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. «Айни замон ин масъала мавриди баррасии мақомоти марбутаи Тоҷикистон қарор дорад», – афзуд ӯ.

Моҳи августи соли 2014 роҳбари дастгоҳи Суди олии ҷумҳурӣ

Ҳабибулло Амирбекзода хабар дода буд

, ки маълумот дар бораи муроҷиати раҳбарияти ширкати русиягии Rolkan Investments Ltd ба Суди олии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани қарори соли 2011 қабулшуда оид ба мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо асоси воқеӣ надорад.

Қобили зикр аст, ки қазияи марбут ба ҳавопаймоҳои Ан-72 ҳанӯз моҳи марти соли 2011, ҳангоме ки халабонон (лётчикҳо)-и Rolkan Investments Ltd аз Кобул баъди интиқоли бор ба нерӯҳои ISAF бармегаштанд, рух дод. Халабонон барои убури марзи Тоҷикистон иҷозатнома доштанд. Аммо диспетчерҳо изҳор намуданд, ки иҷозатнома мавҷуд нест ва баргаштани ҳавопаймоҳоро талаб карданд. Чун сӯзишворӣ дар арафаи анҷомрасӣ буд, ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишаста, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд. 

Суд халабононро гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси қонуни афв онҳо аз толори суд озод карда шуданд. Ҳавопаймоҳо бошанд, ба тавозуни Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд