Вазорати нақлиёт анҷоми корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро моҳи октябр ваъда дод

Корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол» моҳи октябри соли равон ба итмом мерасанд. Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати эронии «Собир» ба корҳои марбут ба низоми заҳбур (дренаж)-и нақб машғул буда, шабонарӯзӣ дохили нақб 150 метр бетонрезӣ мешавад. Суҳроб Мирзоев қайд кард, […]

Пайрав Чоршанбиев



Корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол» моҳи октябри соли равон ба итмом мерасанд.

Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати эронии «Собир» ба корҳои марбут ба низоми заҳбур (дренаж)-и нақб машғул буда, шабонарӯзӣ дохили нақб 150 метр бетонрезӣ мешавад.

Суҳроб Мирзоев қайд кард, ки то имрӯз аз 10 ҳазор метри пешбинишуда қариб 3,7 ҳазор метр дохили нақб бетонрезӣ шудааст. «Корҳои бузургмиқёси бозсозӣ дар нақб 23 июни соли ҷорӣ оғоз гардида, дар ин робита ҳаракати нақлиёт тавассути нақб маҳдуд шуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Мирзоев, рӯзҳои назди миёни идораҳои нақлиёти Тоҷикистону Эрон бояд оид ба оғози корҳои ҳавософкунии нақби «Истиқлол» қарордод ба имзо расад.

Кобили зикр аст, ки

рӯзи 7 июли соли равон

  дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз 22 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд маҳдуд карда шуда,  аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб  то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ 

изҳор дошта буд,

 ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд