Ифтитоҳи бахшҳои нави АНМН дар Дарвозу Ҷиргатол

Директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назарзода рӯзи 29 июл бо як ҳайати ИМА таҳти сарварии сармушовири Дафтари назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (Бюрои INL)-и департаменти давлатии ИМА Ҷеймс Каллахан дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳайати мазкур ҳамчунин роҳбари нави INL дар […]

Аваз Юлдошев



Директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Рустам Назарзода рӯзи 29 июл бо як ҳайати ИМА таҳти сарварии сармушовири Дафтари назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (Бюрои INL)-и департаменти давлатии ИМА Ҷеймс Каллахан дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳайати мазкур ҳамчунин роҳбари нави INL дар назди сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Кристофер Гин низ ҳузур дошт.

Рустам Назарзода меҳмононро бо вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон шинос намуда, ба онҳо оид ба ҳамкории Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон маълумот дод.

Ӯ қайд кард, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ИМА давоми моҳҳои август-сентябри соли равон ифтитоҳи шуъбаҳои нави Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ҷиргатол дар назар аст ва бо дастгирии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия моҳҳои октябр-ноябр шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Исфара ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд