Оғози сохтмони шаҳраки навбунёд дар наздикии Хоруғ

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бунёди шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар оғоз бахшид. Фармоишгари шаҳраки нав Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло бо ин […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бунёди шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар оғоз бахшид. Фармоишгари шаҳраки нав Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло бо ин мақсад 214 гектар замин ҷудо гардида, барои анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ, геологиву гидрогеологӣ, геодезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 950 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст.

Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Минтақаи тарҳрезишаванда дар назди дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ 50 фоизи минтақа барои сохтмони манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии фонди манзили истиқоматӣ 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз иморатсозии катеҷӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ, иморатсозии миёнаошёна 4-5 ошёнагӣ ва иморатсозии 9 ошёна иборат аст.

Дар шаҳраки нав иншооти гуногуни иҷтимоӣ, маданию маишӣ ва хизматрасонӣ – муассисаҳои томактабӣ барои 1200 ҷой, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 3000 хонанда, толорҳои варзишӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ, мағозаҳои маводи ниёзи аввал дар масоҳати 1230 метри мураббаъ, маҷмааи савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ бо 450 ҷой, беморхона барои 150 кат, дармонгоҳ барои 360 қабул дар як баст, маркази ёрии таъҷилӣ бо 2 мошин, шуъбаи бонкҳо дорои 5 хазинаи амалиётӣ, меҳмонхона барои қабули 125 меҳмон, хадамоти оташнишонӣ бо 2 мошин сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст.

Дар шаҳрак Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, телеком, почта, чойхона, Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, Тоҷиксуғурта, қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад.

Барои таъмини пурраи шароити зиндагӣ дар нақшаи генералӣ инчунин бунёди корхонаҳои гуногун, аз ҷумла сехи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонпазӣ, коргоҳи коркарди меваю сабзавот, хушккунии меваю растаниҳои табобатӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сехи истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан дар назар аст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди шаҳраки Тем бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обрасониву корез, мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии баландошёна маҷмӯи чораҳои омодагиро амалӣ карда истодааст ва дар маҳалли сохтмони шаҳрак баъди шиносоӣ бо лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.