Коршинос: Қатъи фаъолияти ҲНИТ ба тундгароии ислом дар Тоҷикистон мусоидат мекунад

– Қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешубҳа ба тундгароии ислом дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, – чунин ибрози андеша кард ба «Азия-Плюс» Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик ва муаррих, ки сарчашмаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва авҷи исломгароӣ дар бисёре аз кишварҳои дунёро омӯхтаву таҳқиқ кардааст. «Изҳороти ҷонибдорони ҲНИТ оид ба хориҷ шудан аз […]

Аваз Юлдошев



– Қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешубҳа ба тундгароии ислом дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, – чунин ибрози андеша кард ба «Азия-Плюс» Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик ва муаррих, ки сарчашмаҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва авҷи исломгароӣ дар бисёре аз кишварҳои дунёро омӯхтаву таҳқиқ кардааст.

«Изҳороти ҷонибдорони ҲНИТ оид ба хориҷ шудан аз сафҳои ҳизб ё бозпас супурдани билетҳои ҳизбӣ маънои онро надорад, ки ин шахс аз мавқеъи сиёсиаш даст кашидааст ва дигар ба афкору ғояии мавриди таблиғи ҳизб бовар надорад», – қайд кард коршинос.

Ӯ таъкид дошт, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ аксари аъзои онро ба пинҳонкорӣ водор менамояд ё маҷбур месозад, ки ба сафҳои созмонҳои динии тундгарои ғайриқонунӣ  аъзо шаванд.

«Вақте Ҳизби коммунист дар Иттиҳоди Щӯравӣ сари ҳокимият қарор дошт, гирифтани билети ҳизбӣ аз ҷонибдорони он ва хориҷ шудани аз сафҳои ҳизб барои коммунистон маънои талаф додани ҳама чиз – кору мансаб ва баъзан озодиро низ дар пай дошт, вале бо гирифтани билети ҳизбӣ аз ҷонибдорони ҲНИТ онҳо аз чизе маҳрум намешаванд», – таъкид намуд коршинос.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.