Амалишавии 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши нақлиёти Тоҷикистон

Айни замон дар бахши нақлиёти Тоҷикистон ба маблағи умумии 626,2 млн. доллари ИМА 15 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми сол мавриди амал қарор гирифтани боз як қатор лоиҳаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар оид ба сохтмони иншоот дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Айни замон дар бахши нақлиёти Тоҷикистон ба маблағи умумии 626,2 млн. доллари ИМА 15 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешаванд.

Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Суҳроб Мирзоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми сол мавриди амал қарор гирифтани боз як қатор лоиҳаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар оид ба сохтмони иншоот дар бахши нақлиёт оғоз мегарданд.

«Имсол ба амалисозии лоиҳаҳои таъмиру барқарор кардани роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе) ва таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара ҳусни оғоз бахшида мешавад», – гуфт ӯ.

Ғайр из ин, гуфт дар идома Мирзоев, корҳои омодагӣ ва лоиҳакашӣ барои амалисозии лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон) низ идома дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки охири сол корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва Шоҳон – Зиғар ба итмом мерасад.

Муовини аввали вазир илова кард, ки феълан дар амалисозии ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 1,3 ҳазор мутахассисон машғули коранд, ки 76,3%-и онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.