Боздошти 2 тоҷикистонӣ бо маводи мухаддир дар Ӯзбекистон

– Кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, аз онҳо беш аз 20 кило маводи мухаддири афюн мусодира карданд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории Интерфакс имрӯз, 30 июл. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир 20,6 кило афюнро бо нархи 2,5 ҳазор доллари […]

ASIA-Plus



– Кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, аз онҳо беш аз 20 кило маводи мухаддири афюн мусодира карданд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории Интерфакс имрӯз, 30 июл.

«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир 20,6 кило афюнро бо нархи 2,5 ҳазор доллари ИМА барои 1 кило дар қаламрави вилояти Самарқанд фурӯхтанӣ будаанд», – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти амнияти миллии кишвари ҳамсоя ҳамчунин як сокини вилояти Самарқандро низ боздошт намудаанд, ки шаҳрвандони тоҷики боздоштшударо ҳамроҳӣ мекардааст ва барои транзити маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон масъул будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, давоми 6 моҳи соли равон 202 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.