Оғози машқҳои махсуси зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон

Аз 27 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии “Гром-205” бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, баргузор мегардад. Бино ба иттилои Агентии назорати маводи […]

ASIA-Plus



Аз 27 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии “Гром-205” бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, машқҳо бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак (амалиётҳо) оид ба бастани роҳҳои интиқоли қочоқи маводи нашъаовар, қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ ва каминӣ оид ба бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, аз муомилоти ғайриқонуниӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, ҳамоҳанг сохтани мақомоти идоракунӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар самтҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Рӯзи 27 август дар машқгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ “Фахробод” намоиши амалҳои махсуси тактикии ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ, ки ба ҳайати ташаккули қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, инчунин ҷузъу томҳои мақомоти салоҳиятдори ҶТ баргузор мешавад.

Дар ин маросим муовини Котиби генералии СААД Жанкулиев А.К., Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар (ХФНММН Россия) Иванов В.П., Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Мамбеталиев Р.С., Директори АНМН назди Президенти ҶТ Назарзода Р., намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, машқҳои махсуси тактикӣ дар ду марҳила идома ёфта, дар онҳо намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.