Дар Душанбе ярмаркаи ҳунармандӣ доир мегардад

Бахшида ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасмими Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии CESVI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ дар доираи Лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» бо маблагғузории Иттиҳоди Аврупо рузҳои 5-6- уми сентябри соли ҷорӣ Ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандону косибон дар маркази […]

Иттилоияи расмӣ



Бахшида ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасмими Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии CESVI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ дар доираи Лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» бо маблагғузории Иттиҳоди Аврупо рузҳои 5-6- уми сентябри соли ҷорӣ Ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандону косибон дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз сад нафар ҳунармандону косибон иштирок хоҳанд кард.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар давоми ду рӯз маҳсули офаридаи ҳунармандон аз манотиқи мухталифи кишвар аз қабили кандакорӣ, сабадбофӣ, гулдӯзи, сӯзанидӯзӣ, нақшофарӣ дар маҳсулоти саффолӣ, зару зевари заргарӣ ва либосҳои миллӣ бо шаклу қолаби замонавӣ, молҳои рӯзғордорӣ, маҳсулоти чармин, армуғонҳои гуногун ба маърази меҳмону ҳаводорони Ярмарка гузошта мешавад.

Рӯзи аввали чорабинӣ дар толори барҳавои маркази Исмоилия вохури дар мавзуи «Ҳунармандӣ ва сайёҳӣ: Фазои ягонаи ҳамкориҳои мутақобилаи самарабахш» баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳунармандон бо сохторҳои вобаста ба фаъолияти сайёҳӣ, ҷӯстуҷуи имкониятҳои ҷадид бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои устувори ояндасоз матраҳ мегардад.

Иштирокчиён ва меҳмонони Ярмарка имконият доранд устоҳои чеҳрадасти Тоҷикистон Шахноза Камолова дар сабадбофӣ, Оина Шер дар муҳрадӯзӣ, Назира Хасанова- дар расмкашӣ, Умеди Корвон – дар ороиши нақшҳои гиребонӣ аз сангу муҳра, сӯзанаксозӣ, Сатторов Бобоҷон дар лухтаксозӣ, Александара Саревская дар армуғонофарӣ ба ҳайси коромӯз баргузории машғулиятҳои касбиро бар дӯш гирифтаанд.

Ҳамзамон барои иштирокчиён имконияти тамошои мӯди ҷомаву чапонҳои истеҳсоли Ikathouse ва Madynya collections фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо тасмими Ташкилоти Ҷамъиятии “Лигаи занҳои истеъдоди маҳдуддошта” намоиши муди либосҳо баргузор мешавад. Барномаҳои рақсии дастаҳои ҳунарии “Alegria”-и студияи рақсии “New Era”, дастаи рақсиву овозии «ВЭСТ» ба тантанаи ҳунар ҷолибияти дигаре хоҳанд бахшид.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо тасмими Ташкилоти итилиявии CESVI дар Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мешавад, ки он дар устувории ҳамкориҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар рушди сохторҳои хусусие, ки дар соҳаи пешрафт ва эҳёи ҳунарҳои косибӣ фаъолият мекунанд, таъсири мусбӣ хоҳад гузошт.

Ташкилотчиёни ярмарка: Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони итолиявии «Чезви», Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ

Шарикони ярмарка: ҶДММ (ООО ТРК) «ВАТАН», Ташкилоти Ҷамъиятии «Alegria», Таджик мама, студияи барномаҳои рақсӣ «Новая Эра», дастаи рақсиву овозии «ВЭСТ», Маркази фарҳангии «Bactria», Клуби Хизматии Бишкек, ТҶ Рушти инклюзия, ТҶ Ирода, ТҶ СИДА, Маркази Исмоилия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.