Ҳалокати 5 кӯдак аз бепарвоӣ ва беназоратии волидон

Тайи рӯзҳои 29-30-августи соли равон дар ҷумҳурӣ 5 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки ба марги ноболиғон боис гардидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 29 август хурдсол, писарчаи 1-солаи сокини ноҳияи Қумсангир аз беэҳтиётии волидайнаш беназорат монда, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 30 август писарбачаи […]

ASIA-Plus



Тайи рӯзҳои 29-30-августи соли равон дар ҷумҳурӣ 5 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки ба марги ноболиғон боис гардидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 29 август хурдсол, писарчаи 1-солаи сокини ноҳияи Қумсангир аз беэҳтиётии волидайнаш беназорат монда, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 30 август писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ, ноболиғ писарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Конибодом, аз беназорат мондани волидонаш, ҳангоми оббозӣ кардан дар оби заҳбури саҳрои деҳаи Қӯрғонча ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Б.Ғафуров, ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, аз беэҳтиётии худ ба оби ҳавзи чойхонаи Сурх афтида, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 30 август ноболиғ, духтарчаи 13-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми пухтани хӯрок аз беэҳтиётии худ дасташ ба сими лучи плитаи худсоз расидааст, ки дар натиҷа охирин  аз ҷараёни қувваи барқӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.