БМТ: Ҳафтаи гузашта қурби доллар тамоили болоравиро нигоҳ дошт

Давоми ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар бозори Тоҷикистон тамоили болоравиро нигоҳ дошт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии […]

ASIA-Plus



Давоми ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар бозори Тоҷикистон тамоили болоравиро нигоҳ дошт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар охири ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5600-6,5800 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, тамоили болоравиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 6,8160-6,8340 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуда буд.

Ду ҳафта қабл қурби доллари ИМА дар бозори асъори кишвар ба ҳисоби миёна 6,77 – 6,79 сомониро ташкил дода, қурби аз ҷониби БМТ муқарраршуда ба 6,56 – 6,58 сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, бо тағйир ёфтани қурби рубли русӣ қурби бозории долл. ИМА низ паст шуда, имрӯз 6,7300-6,7500 сомонӣ 1 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ тағйир ёфта, 0,1021-0,1031 сомонӣ ба 1 рубли русӣ ва қурби евро бошад, 7,4880-7,5200 сомонӣ ба як евро баробар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.