БМТ ва Бонки мардумии Чин ба наздикӣ созишнома ба маблағи 500 млн. $-ро ба имзо мерасонанд

Як ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин иборат аз 4 нафар ахири ҳафтаи гузашта ба Душанбе ташриф оварданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин баррасӣ […]

ASIA-Plus



Як ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин иборат аз 4 нафар ахири ҳафтаи гузашта ба Душанбе ташриф оварданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин баррасӣ шуда, аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Чин нисбати масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо БМТ омодагӣ изҳор карда шуд.

Гуфта мешавад, бо мақсади рушди муносибатҳо бо низомии бонкии Тоҷикистон, намояндагони Чин бо раҳбарияти бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карда, ҳамчунин бо фаъолияти як қатор корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз наздик ошно мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои 2-4 сентябр ҳайати Бонки мардумии Чин таҳти раҳбарии раиси ин бонк Жоу Сиаочуан ба Душанбе омада, дар доираи ин сафар имзои созишнома оид ба муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чин бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) дар назар аст.

Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем, ки гуфтушунидҳо бобати аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастрас кардани воситаҳои қарзии Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА

феълан дар арафаи анҷомёбианд.

Дар Бонки миллӣ қайд карда буданд, ки ин воситаҳо ба қарзи берунии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» надошта, бо кафолати давлат гирифта намешавад.

Таъкид шуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Воситаҳо қисм-қисм дар сурати зарурат дастрас карда мешаванд», – гуфтанд дар бонк.

Қаблан раҳбарияти Бонки киллӣ изҳор дошта буд, ки барои дастгирии қурби арзи миллӣ 

воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист.

 «Ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст», – изҳор намуда буд раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.