Президент оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард

Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр бо сафари корӣ ба шаҳри […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 – солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.

Ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.