Оғози амалиёти ҳамасолаи «Бачаҳо» дар Тоҷикистон

Аз 31 август то 9 сентябр дар Тоҷикистон амалиёти ҳамасолаи «Бачаҳо» доир мегардад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД тоҷикистон, мақсади асосии ин чорабинӣ пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо ва баланд бардоштани маданияти […]

ASIA-Plus



Аз 31 август то 9 сентябр дар Тоҷикистон амалиёти ҳамасолаи «Бачаҳо» доир мегардад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД тоҷикистон, мақсади асосии ин чорабинӣ пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни  ҳаракат дар роҳ мебошад.

Дар доираи амалиёт Раёсати БДА дар мавзӯи «Ҷароҳат гирифтани кӯдакон дар садамаҳои нақлиёт» шиору овезаҳо омода сохтааст, ки дар мактабҳо паҳн карда мешаванд.

Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт роҳҳои назди мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, рӯзи аввали таҳсил кормандони БДА дар мактабҳо оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ машғулиятҳо мегузаронанд.

Дар роҳҳои мошингарди назди мактабҳову муассисаҳои томактабӣ навбатдории омӯзгорон роҳандозӣ шуда, назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони БДА пурзӯр карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.