Э.Раҳмон ба сохтмони иншооти нави тиббӣ дар Кӯлоб ҳусни оғоз бахшид

Дар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ санги асос гузошт.  Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот барои […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ санги асос гузошт.

 Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат ба нақша гирифта шудааст.

Дар тарҳи ошёнаи таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Корезлоиҳа» маблағи сохтмони иншоот 12 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ равона гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 700 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд. Баъди бунёд бошад, дар ҳар ду иншоот беш аз 500 нафар мутахассисони ҷавони соҳа бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб бошад, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак сохта мешавад.

Марказ аз таваллудхона, шӯъбаҳои бемориҳои навзодон ва кӯдакона, наҷот, бемориҳои занона, ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи табобати оҷилӣ ва бахшҳои ҷарроҳӣ равона гардидааст. Иншооти сохташаванда аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати ҳудуди он 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.