Раиси бахши ҲНИТ дар Норак дар гузориши телевизионӣ дар бораи террористон

Раиси 73-солаи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Қурбон Маннонвбаъди 10 рӯзи боздошт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузориши телевизионии рӯзи 28 август ҳузур пайдо кард. Зимни гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки шоми рӯзи ҷумъа тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, зикр гардид, ки Қурбон Маннонов дар таблиғи […]

ASIA-Plus



Раиси 73-солаи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Қурбон Маннонвбаъди 10 рӯзи боздошт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузориши телевизионии рӯзи 28 август ҳузур пайдо кард.

Зимни гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки шоми рӯзи ҷумъа тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, зикр гардид, ки Қурбон Маннонов дар таблиғи афкори ифротгароёна миёни аъзои ҲНИТ гунаҳкор дониста мешавад.

«Маҳз ӯ яке аз ташаббускорони барафрохтани матоъи сиёҳ бо навиштаҷоти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар қаламрави Норак шуморида мешавад. Ӯ ҳамчунин барқарор кардани сохти исломӣ дар Тоҷикистонро таблиғ мекард», – таъкид шуд дар гузориши телевизионӣ.

Ёдрас мекунем, ки Қурбон Маннонов рӯзи 19 август аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Норак боздошт шуд. То рӯзи 28 август на адвокат ва на хешону наздиконаш огаҳӣ надоштанд, ки ӯ чӣ гуноҳ дорад. Дар суханрониҳояш аз минбари ҲНИТ ӯ чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯро ба КДАМ даъват кардаву талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шавад.

Дар баробари ин, дар гузориши телевизионӣ ҳамчунин боз ду тан аз аъзои ҲНИТ-ро намоиш доданд, ки ба робита доштанашон бо фаъолони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо супориши онҳо харидани матоъи сурх бо ранг ва сипас овехтани парчами Давлати исломӣ дар Норак иқрор шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.