Кӯдакони деҳаи Метки Ғончӣ Рӯзи донишро дар мактаби нав ҷашн гирифтанд

Рӯзи 1 сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат бо хонандагон Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро бахшида ба Рӯзи дониш шодбош гуфта, изҳор намуд, ки ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир бояд диққати […]

ASIA-Plus



Рӯзи 1 сентябр бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат бо хонандагон Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро бахшида ба Рӯзи дониш шодбош гуфта, изҳор намуд, ки ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир бояд диққати махсус дода шавад. Дар баробари ин Раиси вилоят аз хонандагон, махсусан духтарон даъват ба амал овард, ки дар вақти таҳсил дар мактаб бояд ҳатман соҳиби касбу ҳунар гардида, дар оянда барои оилаи худ кӯмакрасон гарданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар деҳаи Метки ноҳияи Ғончӣ то имрӯз мактаби рақами 27 фаъолият дошт, ки дар он 856 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Дар ин деҳа 4,5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд ва теъдоде аз хонандагон бо тай намудани роҳи дароз ба ин мактаб меомаданд. Бо дарназардошти шароити мавҷуда аз ҷониби сокини деҳаи Метк Маҳкам Ёқубов ва фарзандони ӯ барои аҳолӣ мактаби нав, ки иборат аз 13 синфхона мебошад, бо харҷи қариб 1 миллион сомонӣ бунёд шуд. Ин мактаб дорои китобхона, лабораторияи фаннӣ, устохонаи дуредгарӣ, синфхона барои маҳфили рӯзғордорӣ буда, дар он дар як баст 300 нафар хонандагон ба таҳсил ҷалб мешаванд.

Раиси вилоят зимни боздид аз синфхонаҳо амали саховатмандонаи Маҳкам Ёқубов ва фарзандони ӯро шоистаи ибрат арзёбӣ карда, аз сокинон даъват намуд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

Ба мактаби нав аз ҷониби Раиси вилоят 10 номгӯи асбобҳои мусиқӣ, 4 адад компютер, 1 адад принтер, 12 адад тахтаи синфӣ, 30 адад ҷевон барои китобхона, мизу курсӣ барои хонаи омӯзгорон тӯҳфа карда шуд.

Зимнан, дар ноҳияи Ғончӣ бо шумули мактаби нав 66 адад мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 33 411 хонанда таҳсил мекунанд. Имрӯз, 1 сентябр дар ин ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хонанда барои аввалин бор ба мактаб қадам ниҳоданд.

Таъкид гардид, ки соли равон дар вилояти Суғд  маблағгузории соҳаи маориф аз 522 миллиони соли 2014 ба 595,9 миллион сомонӣ расонида шуд ва ин гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф чун соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.