Қариб 500 хатмкардаи мактабҳои олӣ роҳхатҳо ба мактабҳои Кӯлобро сарфи назар карданд

Аз 1241 хатмкардаи мактабҳои олии омӯзгории кишвар, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фиристода шуда буданд, то имрӯз ҳамагӣ 781 нафар ба кор шурӯъ намудаанд. Мутахассиси шуъбаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Абдуҷаббор Ятимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омӯзгорони ҷавони […]

Турко Дикаев



Аз 1241 хатмкардаи мактабҳои олии омӯзгории кишвар, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фиристода шуда буданд, то имрӯз ҳамагӣ 781 нафар ба кор шурӯъ намудаанд.

Мутахассиси шуъбаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Абдуҷаббор Ятимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омӯзгорони ҷавони «сафарбаршуда» аз ҳама бештар ба мактабҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Ховалинг ҳозир нашудаанд.

«Аз 382 омӯзгори ба Кӯлоб фиристодашуда 193 нафарашон то оғози соли хониш ҳозир нашуда, дар дигар ноҳияҳои зикршуда низ ин шумор камтар аз нисфро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ ва қайд кард, ки дар ҳеҷ кадоме аз ноҳияҳо омӯзгорони ҷавон ба пуррагӣ (100%) ҳозир нашудаанд.

Ба гуфтаи А.Ятимов, омӯзгорони ҷавони ҳозирнашударо дар мактабҳои минтақа то 10 сентябр мунтазир мешаванд ва сипас нисбати онҳо аз ҷониби Вазорати маориф барои ҷуброни хароҷоти давлат барои таҳисли онҳо ба суд шикоят бурда хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.