Ифтитоҳи мавзеи фароғатӣ барои кӯдакон дар боғи «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и  маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд  расми кушоди  мавзеи фароғатӣ барои кӯдакону наврасон баргузор гашт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси  шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок намуд. Дар мавзеи мазкур аз ҷониби коргоҳи «Хуҷандторгмаш» корҳои васлу танзими […]

ASIA-Plus



Дар боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и  маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд  расми кушоди  мавзеи фароғатӣ барои кӯдакону наврасон баргузор гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси  шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок намуд.

Дар мавзеи мазкур аз ҷониби коргоҳи «Хуҷандторгмаш» корҳои васлу танзими воситаҳои лидхушкунӣ ва аттраксионҳо ба анҷом расида, он бо ибтикори соҳибкори инфиродӣ Музаффар Ҷумъаев ташкил карда шуд. Пешбинӣ мешавад, ки минбаъд барои истироҳаткунандагон ҷойҳои нишасту фароғати оилавӣ, марказҳои хизматрасонии фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан маҳсулоти қаннодию ширинӣ ва ғайр ба истифода дода мешаванд. Дар ин макони фароғатӣ зиёда аз 30 намуд атраксионҳои дилхушкунӣ ва фарогатӣ насб гардида ҳамарӯза барои қабули сокинону меҳмонони маркази вилоят омода аст.

Лозим ба қайд аст,ки дар ин руз меҳмонони нахустини ин маркази фароғатӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии кӯдакону наврасонва фарзандони оилаҳои ниёзманд  буданд. Барои кӯдакон ва тарбиятгирандагони парваришгоҳхо дар ин рӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон ташкил гардид.

Дар баробари ин раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳаи мақомоти маҳаллӣ супориш дод,ки минбаъд низ тибқи ҷадвали муқарраргардида бояд кӯдакону наврасони парваришгоҳхо ва оилаҳои эҳтиёҷманд ройгон истироҳат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.