Шоми рӯзи Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ба Душанбе ташриф оварданд, зиёфати шомгоҳӣ орост. Зиёфат дар вазъи ғайрирасмӣ дар қароргоҳи ҳукумат Тоҷикистон (бӯстонсарои ҳукумат) баргузор шуд.


