Миннатдории Э.Раҳмон ба В.Путин барои дастгирии тадбирҳои амниятии кишвар

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин, ки шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуда, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин, ки шоми дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуда, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи бисёрҷанбаи ду шарики стратегӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ва ҳам барои фиристодани кумаки башардӯстона ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Владимир Путин бори дигар омодагии Русияро барои дастгирии ҳамаҷониба аз рушди Тоҷикистон таъкид дошта, аз ҷумла изҳор намуд, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон бар иттифоқчигию баробарҳуқуқии ду ҷониб асос ёфтаанд. Аз ҳамгироии мунтазам ва босамари ниҳодҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, аз ҷумла зикр гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад. Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 38% афзудааст.

Ҳамзамон коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия зикр гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуд, ки барои ислоҳи ин камбудӣ дар ҳудуди Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ба Русия таъсис ёбанд. Ҳамчунин бунёди марказҳои хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки имконоти беандоза зиёди рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, нақлиёт, энергетика, алоқа ва робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар бояд васеъ истифода шаванд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили саҳлсозии шароит барои муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия зоҳир гардид.

Аз он, ки беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии камаҳамият аз ҳаққи воридшавӣ ба ҳудуди Русия маҳрум гардидаанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ҳамчунин масъалаи ба муддати то  90 рӯз дароз кардани муҳлати аз қайд гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз воридшавӣ ба ҳудуди Русия ба миён гузошта шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳои амниятию дифоӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.