Боздиди президенти Қазоқистон аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон

Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳои […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳои парлумонии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Президенти Қазоқистон таъкид дошт, ки ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудани намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ гувоҳи он аст, ки интихоботи моҳи март дар кишвар озодона ва ба таври демократӣ баргузор шудааст. Сарвари давлати Қазоқистон ҳамсуҳбати худро бо такроран интихоб шуданаш ба мансаби раиси палатаи поёнии парлумон табрик кард.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисод, тиҷорат, маориф ва фарҳанг ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.