Оғози кори нишасти СААД дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ рӯзи душанбе сарони панҷ кишвари узви СААД ва ҳамчунин ҳайатҳои расмии ин кишварҳо ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд. Айни замон сарони кишварҳои Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ рӯзи душанбе сарони панҷ кишвари узви СААД ва ҳамчунин ҳайатҳои расмии ин кишварҳо ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварданд. Айни замон сарони кишварҳои Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Русия Владимир Путин дар Душанбе қарор доранд.

Ба кори иҷлосия, ки дар маҷмааи Кохи миллати пойтахт доир мегардад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз мебахшад.

Пеш аз нишаст дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД имзои як қатор санадҳо дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имсол раёсат дар СААД-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад. Айни замон кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.