Президенти Русия ба Душанбе ташриф овард

Президенти Русия Владимир Путин шоми рӯзи 14 сентябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Владимир Путинро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз […]

Аваз Юлдошев



Президенти Русия Владимир Путин шоми рӯзи 14 сентябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Владимир Путинро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назар буда, дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД сарони ҳамаи кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Душанбе ташриф оварданд. Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи ин кишварҳо низ дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.