Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Қирғизистон, Арманистон ва Беларус

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард,  мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дорои имконоти […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард, 

мулоқот намуд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дорои имконоти бағоят васеи рушду густариш мебошанд ва моро зарур аст, ки аз шароити ҳамсони табиию иқлимӣ ва сохтори монанди иқтисодии ду кишвари ҳамсоя пурсамар истифода барем”.

Алмазбек Атамбаев дар навбати худ ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам омодасозии ҳамоиши сатҳи олии ин созмон баҳои баланд дода, аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: “Ман Шуморо бо раёсати басо муваффақона ва самарабахши Тоҷикистон дар СААД табрик мегӯям”.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян

мулоқот намуда,

сарони ду давлати дӯст атрофи рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш табодули назар намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон Серж Саргсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ташрифи меҳмони олимақом ба рушди муносиботи дуҷониба низ такон мебахшад.

Президенти Арманистон дар навбати худ сатҳи баланди раёсати Тоҷикистонро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид намуда, изҳор дошт: “Мо дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ зиёд мулоқоту гуфтугӯй анҷом медиҳем ва вақти он расидааст, ки сафарҳои расмӣ низ роҳандозӣ карда, барои амалӣ намудани тавофуқоти ҳосилнамудаамон талош варзем”. Аз ин хотир, Серж Саргсян аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Арманистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

Зимни

мулоқоти

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт:  “Мо ба мардуми бародари Белорус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем”.

Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки муносиботи ду кишвар кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкории мутақобилан судбахш ба қуллаҳои баланд расонда мешавад

Александр  Лукашенко ба заҳматкашӣ ва меҳмоннавозии самимии роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла ду ва зиёда ҳосил рӯёндани кишоварзони тоҷикро “дастоварди бузург” номид.

Президенти Белорус ҳамчунин ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид дошт: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.