Дар иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки дар таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ Тоҷикистон ҳамеша метавонад ба дастгирии Русия умедвор бошад.
Ӯ қайд кард, ки «ҷумҳурӣ бо мушкилиҳо ва кӯшишҳои ноамн кардани вазъ дучор шуд». «Гуфтаниам, ки ин хатарҳоро мо комилан воқеъбинона араёбӣ мекунем. Тоҷикистон ҳамеша метавонад аз кумаки дастгирии мо дилпур бошад», – гуфт президенти Русия.
Дар идома сарвари давлати Русия зикр кард, ки «мо шоҳиди онем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мушкилоти пайдошударо муваффақона ҳал карда истодаанд».
Путин бори дигар хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия аст.


