Сарони кишварҳои узви СААД як қатор аснод ба имзо расониданд

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе як қатор санадҳо ба имзо расиданд. Зимни конфронси матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия президенти Арманистон Серж Саргсян иттилоъ дод, ки аз ҷумла Созишнома дар бахши ҳамлу нақли ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳо, амволи манқули онҳо ва ҳамчунин маҳсулоти таъиноти низомӣ ба тасвиб расидааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе як қатор санадҳо ба имзо расиданд.

Зимни конфронси матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия президенти Арманистон Серж Саргсян иттилоъ дод, ки аз ҷумла Созишнома дар бахши ҳамлу нақли ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳо, амволи манқули онҳо ва ҳамчунин маҳсулоти таъиноти низомӣ ба тасвиб расидааст.

Ғайр аз ин, Пртокол дар бораи тамдиди муҳлати амали Созишнома дар бораи таъсиси низоми ягонаи пӯшиши техникии роҳҳои оҳан ба имзо расидааст.

Ҳамчунин Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи такмили фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳолатҳои фавқулода ва Котиботи СААД низ ба имзо расида, буҷети созмон барои соли оянда маъқул шуморида шудааст.

Қобили зикр аст, ки акнун раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.