Сарони кишварҳои узви СААД таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро зарур медонанд

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон изҳор намуд, ки дар иҷлосия оид ба вазъи ҳамкориҳои мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон суҳбати кушоду озод сурат гирифта, ба хатарҳои глобалӣ ва минтақавии таъмини амният барои кишварҳои узви Созмон ва тадбирҳои имконпазири муқовимати дастаҷамъона бо онҳо дар оянда […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи имрӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон изҳор намуд, ки дар иҷлосия оид ба вазъи ҳамкориҳои мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон суҳбати кушоду озод сурат гирифта, ба хатарҳои глобалӣ ва минтақавии таъмини амният барои кишварҳои узви Созмон ва тадбирҳои имконпазири муқовимати дастаҷамъона бо онҳо дар оянда таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

«Дар ин замина мо ба зарурати мусоидати воқеъӣ ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии Созмон, аз ҷумла қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намудем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, дар ҳамоиш як қатор тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти кишварҳо дар доираи СААД пешниҳод шуданд. «Ин тадбирҳо аз ҷумла аз баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ва таъмини моддиву техникии нерӯҳои дастаҷамъона ва воситаҳо, сатҳи зудамалии онҳо, бо ин мақсад баргузор кардани машқу размоишҳои муштарак, роҳандозии табодули доимии маълумот ва боз як маҷмӯи тадбирҳои дигар баҳри таҳкими имконоту иқтидори Созмон иборатанд», – шарҳ дод ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «ба масъалаи густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд».

«Зикр гардид, ки рушди ҳамаҷонибаи низоми омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳои ҳирфаии артиш, хадамоти махсус, сохторҳои марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомот оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ минбаъд низ бояд самти афзалиятноки ҳамкории стратегии мо боқӣ монанд», – афзуд сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.