Путин ба ташкили эътилофи мубориза бо ДИИШ даъват мекунад

Дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар мубориза бо таҷовузи террористӣ Русия ҳукумати Сурияро имрӯз ва минбаъд низ дастгирӣ мекунад. «Дигар давлатҳоро ҳам даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд», – гуфт Путин ва қайд кард, ки «бидуни иштироки фаъолонаи ҳукумати Сурия ва низомиёну артиши […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар мубориза бо таҷовузи террористӣ Русия ҳукумати Сурияро имрӯз ва минбаъд низ дастгирӣ мекунад.

«Дигар давлатҳоро ҳам даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд», – гуфт Путин ва қайд кард, ки «бидуни иштироки фаъолонаи ҳукумати Сурия ва низомиёну артиши ин кишвар ғалаба бар террористон ғайриимкон аст».

Президенти Русия таъкид дошт, ки вазъ дар Сурия «хеле ҷиддӣ» аст. «Ба истилоҳ Давлати исломӣ қисмати назарраси Сурияро таҳти назорат дорад. Ин барои мо хеле ташвишоовар аст, гузашта аз ин, дар сафҳои Давлати исломӣ ҷангиёни бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия ва собиқ кишварҳои шӯравӣ аз нигоҳи идеологиву омодагии ҷангӣ таълим мегиранд ва аз имкони бозгашти онҳо ба қаламрави кишвар нигаронем», – иброз дошт ӯ.

Путин пешниҳод кард, ки «ҷоҳталабиҳои сиёсӣ як сӯ гузошта шуда», эътилоф ташкил карда шавад, ки «бояд ҳамаро, ки воқеъан ҳам ба мубориза бо терроризм саҳм гузоштанианд, муттаҳид намояд».

Сарвари давлати Русия иттиҳомот алайҳи кишвараш дар робита ба он, ки иштироки Маскав дар корҳои Сурия ба афзоши гурезагон ба Аврупо боис шудааст, беасос хонд.

«Мардум аз Сурия пеш аз ҳама аз амалиёти низомӣ фирор мекунад, ки бештар аз хориҷа тариқи таъмин бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи махсус таҳмил шудаааст. Одамон аз ваҳшонияти террористон мегурезанд, мо огаҳем, ки онҳо дар он ҷо чӣ гуна ваҳшониятҳое содир карда истодаанд, мероси фарҳангиро нобуд мекунанд. Агар Русия Сурияро дастгирӣ намекард, вазъ дар ин кишвар бадтар аз Либия ва шумори гурезагон низ бамаротиб бештар мешуд», – чунин мешуморад Путин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.