Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мавқуф гузошта шуд



Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сабаби ба таъхир гузоштани ҷаласа он аст, ки пас аз интихоботи доиргардида дар моҳи октябр ба парлумони Қирғизистон, ҳайати нави ҳукумати кишвари ҳамсоя тасдиқ шуд.

Дар сохтори нави ҳукумати Қирғизистон вазифаи муовини нахуствазири масъул ба сохторҳои қудратӣ бекор карда шуд. Ин мансабро қаблан Абдураҳмон Маматалиев ишғол мекард, ки маҳз ӯ инчунин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ ва Комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ёдрас мекунем, ки ҷониби Тоҷикистонро дар Комиссияи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное