Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мавқуф гузошта шуд

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сабаби ба таъхир гузоштани ҷаласа он аст, ки пас аз интихоботи доиргардида […]

Аваз Юлдошев



Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сабаби ба таъхир гузоштани ҷаласа он аст, ки пас аз интихоботи доиргардида дар моҳи октябр ба парлумони Қирғизистон, ҳайати нави ҳукумати кишвари ҳамсоя тасдиқ шуд.

Дар сохтори нави ҳукумати Қирғизистон вазифаи муовини нахуствазири масъул ба сохторҳои қудратӣ бекор карда шуд. Ин мансабро қаблан Абдураҳмон Маматалиев ишғол мекард, ки маҳз ӯ инчунин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзи давлатӣ ва Комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ёдрас мекунем, ки ҷониби Тоҷикистонро дар Комиссияи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.