Падари Умаралӣ: Муфаттишон моро гунаҳкор бароварданианд



Пайвандони Умаралии панҷмоҳа, ки дар дасти пулиси Санкт-Петербург фавтид, гуфтаанд, зери фишори муфаттишон қарор доранд.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

, Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муфаттишон ба оилаи онҳо фишор оварда, ба расонаҳо иттилое паҳн карда истодаанд, гӯё дар марги тифламон худи мо гунаҳкор бошем. Ҳатто эҳтимол дорад, ки онҳоро ба куштани тифл муттаҳам мекунанд.

“Дар кумитаи тафтишотӣ ба ман гуфтаанд, дар зери ҳуҷҷате имзо гузорам, ки гӯё фарзандамро куштаам. Гуфтам, ки сабаби марги кӯдакро гӯем, дар инҷо ман чӣ дахле дорам”, – навиштаанд расонаҳо аз забони Рустам.

Оилаи Назаровҳо на танҳо аз ҷониби мақомоти интизоми зери фишор қарор доранд, балки мақомоти иҷроияи маҳаллӣ низ барои ҳимояи шарафи пулис талош доранд. Меҳринисо Назарова, модаркалони Умаралӣ низ гуфтааст, “ба такрор мегӯянд, ки мо дар марги тифламон гунаҳкорем”.

Тибқи хулосаи коршиносони судиву тиббӣ, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Дар

хулосаи ташхиси маҷмӯавии судиву тиббӣ

дар ин робита гуфта мешавад: «Сабаби марги Умаралӣ Назаров бемории инфексияи ситомегаловирусӣ аст. Ин инфексия бинобар сабаби фаъол шудани бемории норасоии кори шушу дил мушкил гардида, дар узвҳои дохилии кӯдак на спирти этиливу, на маводи нашъаовар ва дорувории сахттаъсир дарёфт нашудааст».

Пас аз марг дар кӯдак чунин бемориҳо ошкор шудаанд: «варами шуш, дистрофия (вайрон шудани кори ғизогирии бофтаҳо ва узвҳои бадан)-и ҷигар, дистрофияи ғадуди зери меъда, осеби меъда, тағйирёбии узви зери гурда, варами кӯҳнаи рӯдаи нозук (энтерит), варами парда ва бофтаи мағзи сар, варами ҳароммағз».

Рӯзи 11 ноябр Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони назди президенти Русия Павел Астахов бояд ба шаҳри Санкт-Петербург ояд. Ӯ изҳор доштааст, ки ба мақомоти пулис дар мавриди ин қазия якчанд савол доданист, аз ҷумла бо кадом асос ба шуъбаи пулис овардани тифли 5-моҳа ва ба ихтиёри намояндагонони қонунӣ надодани ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное