Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 ноябр ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, дар он рӯзномаи иҷлосияи сеюми палатаи болоии парлумони кишвар даъвати панҷум тасдиқ шуд, ки имрӯз 12 ноябр баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Шӯро ба аъзои Маҷлиси миллӣ баррасии ҳудуди 30 масъаларо тавсия дод.
Дар иҷлосия тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшуда ба қонунҳо «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва як қатор қонунҳои дигар баррасӣ мешаванд.



