Интиқоди вазири маориф аз номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагон

Дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо масъулини соҳаи маорифи  ноҳияҳои  минтақа  баргузор гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба олимпиадаҳои хонандагон, имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва  тартиби иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , вазири маориф ва илми […]

ASIA-Plus



Дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо масъулини соҳаи маорифи  ноҳияҳои  минтақа  баргузор гардида, дар он масъалаҳои омодагӣ ба олимпиадаҳои хонандагон, имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва  тартиби иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ баъд аз шунидани ҳисоботи масъулин дар масъалаҳои мазкур аз номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагон интиқод карда, аз ҷумла гуфтааст: «Низоми имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ бори дигар номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагонро собит  сохт. Мо бояд ҳар чӣ бештар роҳҳои ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ва пешрафти корро муайян намоем. Дар ин самт ташкил намудани мактабҳои такягоҳӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон, ки имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нест, аз омилҳои  асосӣ ба шумор  меравад». 

Гуфта мешавад, вазир ба директорони муассисаҳои таълимӣ  ва мудирони шуъбаҳои маориф баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳо ва пешрафти соҳа ҷалби раисони ноҳияҳо ва соҳибкорони ватаниро тавсия дода, дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт  баланд бардоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.