Оғози сафари президенти Тоҷикистон ба Покистон

Шоми рӯзи 11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Барои […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Ба ин муносибат дар фурудгоҳи Исломобод ҳамчунин аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон имрӯз – 12-уми ноябр оғоз меёбанд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар дар шаҳри Исломобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн, инчунин бо дигар шахсони воломақом вохӯриҳо анҷом диҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи 

Express Tribune

 дар ин робита менависад, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон буда, дар ҷараёни он сарвари давлати Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо шумули вазирону дигар мансабдорони сатҳи олӣ ва ҳамчунин як зумра соҳибкорони муваффақ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои нашрия,

зимни мулоқоту гуфтушунидҳо

баррасии масоили марбут ба амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон пешбинӣ шудааст, дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.