Ҷараёни тафтиши марги Умаралӣ таҳти назорати Матвиенко



Ҷараёни тафтиши марги Умаралии панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳти назорати Шӯрои Федератсияи ин кишвар қарор мегирад.

Бино ба маълумоти хабаргузории

РИА Новости

, бо супориши раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, Кумитаи қонунгузорӣ бояд ҷараёни таҳқиқи марги тифлро зери назорат гирифта, дар бораи натиҷаҳои он ба ҳамтоён маълумот диҳад.

«Дарвоқеъ ҳам, ин далели гӯшношунид буда, комилан маълум нест, ки чӣ гуна ба ин ҳолат роҳ дода шудааст», – иброз доштааст Матвиенко.

Хабаргузории

РБК

дар ин робита менависад, қаблан муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ Елена Мизулина ба Кумитаи тафтишот ва Прокуратураи генералии Русия аз рӯи далели марги тифл дархостҳо фиристодааст.

Ба андешаи сенатор, ин ҳодиса бояд ба мансабдорон дарси ибрат бошад. «Ман ба раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ва прокурори геералии Русия Юрий Чайка бо хоҳиши доир намудани санҷиш ва пешниҳоди маълумот ба мо дархостҳо фиристодам», – гуфтааст ӯ ва ҳамчунин зикр кардааст, ки рафтори мансабдорони русиягӣ «боиси таассуфи хеле зиёд аст».

«Кумитаи тафтишот аллакай санҷиш мегузаронад ва маълумоти пешакиро дастрас карданӣ будем», – гуфтааст ӯ. Сенатор таъкид доштааст, ки «агар касе муқаррароти қонунро поймол карда бошад, ин мансабдорон бояд муҷозот шаванд».

Ёдрас мекунем, ки ҷасади Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Санкт-Петербуги Русия фавтида буд, рӯзи 16 ноябр

ба Тоҷикистон оварда шуда

, худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр

 аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

 аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар муддати 15 рӯз зан қаламрави Русияро бояд тарк кунад. Моҳи октябр диаспораи тоҷикон аз суд дархост намуда буд, ки хориҷ кардани занро ба муддати 2-3 моҳ то анҷоми тафтишот мавқуф гузорад.

Тибқи 

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, Федератсияи муҳоҷирони Русия барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид, 

таъсиси як фондро дар нақша дорад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

spot_imgspot_img

Популярное