Боздошти гумонбари дигар ба қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти гумонбари дуюм ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябри соли 2015, дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари дуюм дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти гумонбари дуюм ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябри соли 2015, дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари дуюм дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардида, ин нафар Раҳматов Шариф Кукановичи 21-солаи бекор, зодаи шаҳри Кӯлоб, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

«Бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда буд», – омадааст дар хабар.

Рӯзи 13 ноябр ВКД Тоҷикистон дар бораи

боздошти гумонбари якум

ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ дода буд, ки ин нафар сокини шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохон мебошад.

Ёдрас мекунем, ки 

субҳи рӯзи 7 ноябр

 афроди номаълум  ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Қаблан ВКД хабар дода буд, ки касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, бо 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода шуд.

Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 

ҳеҷ рабте надорад

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.