Дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябри Шӯрои Федератсияи Русия сенатор, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федеретсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ, намояндаи Шӯрои Федератсия дар Суди Олӣ ва Вазорати адлияи Русия Елена Мизулина баррасии масъала дар бораи қазияи марги тифли Заррина Юнусоваро пешниҳод намуда, изҳор кардааст, ки ӯ шахсан рафти тафтиши ин ҳодисаро пайгирӣ намуда, аз натиҷаи он сенаторҳоро дар ҷараён мегузорад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи болоии парлумони Русия, сенатор хотиррасон намудааст, ки бинобар сабаби ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани модари тифл, ӯро аз дасти модараш гирифта, сарфи назар аз эътирози наздиконаш, ҳамчун бепарастор сабт ва ба Маркази барқарорсозии кӯдакон фиристодаанд, ки дар он ҷо кӯдак ҳалок шуд.
«Ба ивази чӣ кӯдак ҳалок шуд? Барои нақзи қонунгузории муҳоҷират аз ҷониби модараш ё амалҳои номатлуби мансабдорон? Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале баъзе ҳолатҳо норавшан буда, муносибати ҷиддӣ ба ин ҳодисаро тақозо мекунанд», – иброз доштааст сенатор.
Елена Мизулина бори дигар таъкид доштааст, ки кӯдакро аз модараш барои далели дар қайди муваққатӣ қарор надоштани ӯ гирифтаанд ва ин дар ҳолест, ки дар Кодекси оилаи Русия чунин асос барои аз оила гирифтани кӯдак пешбинӣ нашудааст.
«Дар санадҳои гирифтани кӯдак маълумоти бардурӯғ дода шудааст. Қайд гардидааст, ки кӯдак намояндагон қонунӣ надошт. Дар ҳамин ҳол ӯ бо модару падараш, ки муваққатан дар қайд аст ва модаркалони доимо дар Санкт-Петербург икоммтдоштааш зиндагӣ мекард. Ҷасади тифл баъди 4 рӯз дода шуд. Заррина Юнусова ва падари кӯдак ҷабрдида эътироф нашуданд ва 16 ноябр Заррина аз кишвар хориҷ карда шуд. Мақоми ҷабрдида ба ӯ имкон медод, ки то анҷоми тафтишот ва ҳатто мурофиаи судӣ дар Русия қарор дошта бошад. Аз оилаи кӯдак узр пурсида нашудааст, ба модараш ҳадди ақал хизматгузориии равоншинос пешниҳод нашудааст. Таассуфовар аст, ки мо ҳамеша ба дигар кишварҳо муносибати ғамхоронаву эҳтиёткорона ба кӯдаконамонро талаб мекунем, вале дар қаламрави худ ба рух додани чунин ҳодисаҳо роҳ медихем. Мансабдороне, ки ба рух додани ин фоҷеа ихтиёран ё ғайриихтиёр даст доранд, бидуни муҷозот боқӣ монда, бовар доранд, ки ба Русия хизмат мекунанд. Вале ман бар ин боварам, ки чунин талоши хизматӣ қодир аст ба давлати мо ва обрӯву нуфузи он зиёни ислоҳнопазир оварда, дӯстони моро ба душманон табдил диҳад. Гуфтаниам, ки ҳеҷ як қонун раҳмдилӣ, ҳамдардӣ, инсонигарӣ, некиву меҳрубонӣ ва бовиҷдон буданро сарфи назар намекунад. Ҳамчунин таассуфовар аст, ки ҳамаи ин амалҳо дар партави талошҳои бесобиқаи президенти Русия Владимир Путин, Шӯрои Федератсия ва шахсан раиси он Валентина Матвиенко ҷиҳати дар Русия фароҳам овардани шароити зиндагии бароҳат ва бехатар дар Русия барои кӯдакон сурат мегирад», – идома додааст ӯ.
Сенатор қайд кардааст, ки аз ҷониби Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститусионӣ ва сохтори давлатӣ ба унвони Кумитаи тафтишот ва Прокуратураи генералии Русия дархостҳо фиристода шудаанд. «Мо рафти тафтишро пайгирӣ мекунем ва аз натиҷҳои он Шӯрои Федератсияро дар ҷараён мегузорем. Умедворам, ки некиву адолат пирӯз омада, ба мо баргузор кардани тафтиши парлумонӣ лозим намеояд», – афзудааст Елена Мизулина.
Ёдрас мекунем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоти рӯзи 12 ноябр бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия дар Душанбе,
аз онҳо даъват кард
, ки дар тафтиши марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург «дар доираи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ» мусоидат намоянд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо супориши раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, Кумитаи қонунгузорӣ бояд ҷараёни таҳқиқи марги тифлро
зери назорат гирифта,
дар бораи натиҷаҳои он ба ҳамтоён маълумот диҳад. «Дарвоқеъ ҳам, ин далели гӯшношунид буда, комилан маълум нест, ки чӣ гуна ба ин ҳолат роҳ дода шудааст», – иброз доштааст Матвиенко.





