Тӯли 10 моҳ мизони таваррум 4,1%-ро ташкил дод

Тӯли 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 4,1 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,1%-ро ташкил дода буд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба хизматгузориҳо ба андозаи 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли […]

ASIA-Plus



Тӯли 10 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 4,1 фоиз баробар шуд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 6,1%-ро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли ҷорӣ нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба хизматгузориҳо ба андозаи 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 0,1% зиёдтар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда таваррум дар сатҳи 7% пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Марина Баканова бар ин назар аст, ки ҳарчанд соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон муътадилу дар сатҳи миёна бошад ҳам, вале тағйирёбии қурби пули миллӣ ба болоравии арзиши маводи ғизойӣ таъсир расонид.

Ӯ қайд кард, ки маҳз «саҳми» маҳсулоти ғизойӣ ба мизони таврррум дар соли равон назаррас аст, зеро қисмати хеле зиёди он ё ворид мешавад ва ё бо маҳсулоти воридотӣ рақобат мекунад.  

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.