Баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонанд



Тоҷикистону Қирғизистон дар тасдиқи лоиҳаи Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ дар масофаи 519,9 километр ба созиш расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, лоиҳа дар ҷараёни вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек мувофиқа шудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунид ҳайатҳои ҳарду ҷониб хамчунин оид ба тасвири лоиҳавӣ ва нақшаи хатти убури марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар қитъаҳои боқимондаи тасвирнаёфта табодули назар кардаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба тақвият ва суръат бахшидан ба ҳалли масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо, имкони табодули қитъаҳои ҷудогонаи марз бо розигии тарафайн ва бо назардошти ақидаву пешниҳодоти аҳолии минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст.

«Анҷоми ҷараёни таъйин ва аломатгузории марз яке аз шартҳои муҳими устувории муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст», – иброз доштааст зимни марҳилаи навбатии гуфтушунидҳо муовини аввали нахуствазири Қирғизистон Аали Карашев.

Ба андешаи ӯ, айни замон дар ин самт тезонидани ҷараёни гуфтушунидҳо, таҳияи тарзҳои нави ҳалли мушкилот ва дарёфти роҳу воситаҳои барои ҳарду ҷониби қобили қабул зарур аст.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунидҳо дар Бишкек муовини нахуствазири кишвар Азими Иброҳим роҳбарӣ кард.

Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон 978 километрро ташкил медиҳад. Дар 519,9 километри ин марз корҳои таъйину аломатгузорӣ ба итмом расида, гуфтушунидҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар 450 километри қитъаи боқимонда идома доранд.

spot_imgspot_img

Популярное