Эгамзод: Ҳеҷ кас ташхиси такрории Умаралӣ дар Душанберо ваъда надодааст

Зимни нишасти хабарӣ дар мавзӯи «Давлат кӯдаконро мегирад – кӣ ба ҳаёти онҳо ҷавобгӯ аст?» дар маркази матбуоти АИ REGNUM дар Маскав намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод изҳор намуд, ки тафтиши марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа таҳти назорати қатъии сафорат қарор дорад. «Сарфи назар аз дар кадом мансаб будан ё хилъати сафед ба […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарӣ дар мавзӯи «Давлат кӯдаконро мегирад – кӣ ба ҳаёти онҳо ҷавобгӯ аст?» дар маркази матбуоти АИ REGNUM дар Маскав намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод изҳор намуд, ки тафтиши марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа таҳти назорати қатъии сафорат қарор дорад.

«Сарфи назар аз дар кадом мансаб будан ё хилъати сафед ба бар доштан, гунаҳкорони марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаров бояд комилан дар доираи қонун ҷазои қатъӣ гиранд. Заррина Юнусова ба ватан баргашта, тифлро дар Тоҷикистон ба хок супурданд, аммо ин қазия зери назорати қатъии мост», – иброз доштааст ӯ.

Дар брифинг раиси «Муқовимати умумирусиягии волидон (Родительское Всероссийское Сопротивление), докторанти Маркази илмии акушерӣ, гинеколгӣ ва перинатологияи ба номи академик Кулаков, коршиноси тиббӣ Фарида Буранова, равоншиноси клиникӣ Жанна Тачмамедова, ҳомии ҳуқуқи кӯдакон Александр Коваленин, адвокат Олег Барсуков ва намояндаи сафоратхонаи Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ба савол дар бораи ваъдаи сафорат оид ба дар ватан гузаронидани ташхиси такрории ҷасади Умаралӣ, ки сурат нагирифт, Эгамзод посух дод, ки оилаву наздикони худи Умаралӣ қарор карданд, ки рӯзи ба Тоҷикистон омадан ҷасадро ба хок месупоранд ва ҳеҷ каси дигар онҳоро ба тағйири ин қарорашон маҷбур карда наметавонист.

«Ҳеҷ касе ва бахусус сафорати Тоҷикистон дар Русия ваъда надодааст, ки дар Тоҷикистон ташхиси такрории муайян кардани сабаби марги Умаралӣ гузаронида мешавад. Адвокати оила Олег Барсуков мегӯяд, барои ташхиси такрорӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад. Намунаҳои зарурӣ барои таҳқиқи такрорӣ мавҷуданд», – қайд кард Эгамзод.

«Агар касе дар фикри он бошад, ки мо ин корро хобониданием (боздоштанием), хато мекунад ва ин андеша воқеъият надорад. Бале, Заррина ба хонаашон баргашта, мувофиқи расму ойини мусалмонӣ кӯдакро ба хок супурданд. Вале масъалаи муайян кардани сабаҳои марги тифл кушода боқӣ мемонад, тафтишот идома дорад ва алҳол хулосаи расмии коршиносони судиву тиббӣ пешниҳод нашудааст. Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон боисрор тақозо дорад, ки тафтишот то ба охир бурда расонида шуда, гунаҳкорон мавриди муҷозот қарор гиранд», – афзуд намояндаи расмии сафоратхона.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҷасади Умаралӣ  рӯзи 16 ноябр 

ба Тоҷикистон оварда шуда

, худи ҳамон рӯз ба хок супурда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр

 аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

 аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар муддати 15 рӯз зан қаламрави Русияро бояд тарк кунад. Моҳи октябр диаспораи тоҷикон аз суд дархост намуда буд, ки хориҷ кардани занро ба муддати 2-3 моҳ то анҷоми тафтишот мавқуф гузорад.

Тибқи 

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, Федератсияи муҳоҷирони Русия барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид, 

таъсиси як фондро дар нақша дорад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоти рӯзи 12 ноябр бо ҳайати Шӯрои Федератсияи Русия дар Душанбе, 

аз онҳо даъват кард

, ки дар тафтиши марги шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург «дар доираи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ» мусоидат намоянд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо супориши раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, Кумитаи қонунгузорӣ бояд ҷараёни таҳқиқи марги тифлро 

зери назорат гирифта,

 дар бораи натиҷаҳои он ба ҳамтоён маълумот диҳад. «Дарвоқеъ ҳам, ин далели гӯшношунид буда, комилан маълум нест, ки чӣ гуна ба ин ҳолат роҳ дода шудааст», – иброз доштааст Матвиенко.

Дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябри Шӯрои Федератсияи Русия сенатор, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федеретсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ, намояндаи Шӯрои Федератсия дар Суди Олӣ ва Вазорати адлияи Русия Елена Мизулина баррасии масъала дар бораи қазияи марги тифли Заррина Юнусоваро

пешниҳод намуда, изҳор кард,

ки ӯ шахсан рафти тафтиши ин ҳодисаро пайгирӣ намуда, аз натиҷаи он сенаторҳоро дар ҷараён мегузорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.