Шумори ақди никоҳҳо камтар, вале аз издивоҷҳои хешутаборӣ худдорӣ нашудааст

Шумори ақди никоҳҳои сабтшуда аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 20% камтар шудааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар мақомоти расмӣ маросими ақди никоҳи 53 ҳазор ҷуфти навхонадорон (ҳамин давраи соли […]

ASIA-Plus



Шумори ақди никоҳҳои сабтшуда аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 20% камтар шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар мақомоти расмӣ маросими ақди никоҳи 53 ҳазор ҷуфти навхонадорон (ҳамин давраи соли 2014 – ҳудуди 67 ҳазор ҷуфт) сабт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ коҳиши шумори ақди никоҳ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат бештар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта шумори ақди никоҳҳои навхонадорон ба миқдори 25% камтар шудааст.

«Дар муқоиса бо соли гузашта тайи 10 моҳи соли ҷорӣ шумори ақди никоҳ дар ноҳияҳои тобеи марказ – 22% (наздики 12 ҳазор ҷуфт), шаҳри Душанбе – 17% ва ВМКБ – 14% камтар сабт шудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан таъкид мешавад, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 174 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳукуматдорон боисрор ба худдорӣ кардан аз чунин издивоҷҳо даъват мекунанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар вилояти Суғд – 149, ноҳияҳои тобеи марказ – 13, вилояти Хатлон – 10 ва шаҳри Душанбе – 2 никоҳҳои хешутаборӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.