Оғози марҳилаи дуюми барномаи маблағгузории сохтмони манзил дар деҳот

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардиданд, байни Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро имзо гардида буд. Бино ба […]

ASIA-Plus



Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардиданд, байни Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро имзо гардида буд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, бо мақсади татбиқи ин лоиҳа дар Вазорати мазкур конфронс баргузор гардид. Дар оғози конфронс муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс оид ба ҳадафи чорабинии мазкур ва моҳияти лоиҳаи татбиқшаванда ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки ҳадафи чорабинӣ аз шинос намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба марҳилаи дуюми лоиҳаи маблағгузории манзил мебошад, ки дар доираи Барномаи «Рушди низоми молиявии хурд дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» татбиқ карда мешавад. Моҳияти Барномаи мазкур аз пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздии хурд иборат мебошад, ки онҳо метавонанд маблағи молиявии дастрасшударо барои қарздиҳӣ ба шахсони воқеӣ бо асъори миллӣ барои маблағгузории сохтмони манзил пешниҳод намоянд.

Айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур бомуваффақият амалӣ шуда истодааст, ки дар он чор ташкилоти қарздиҳии хурд ширкат меварзанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ лоиҳаи Барномаи маблағгузории сохтмони манзил ба рушди маводи сохтмонӣ ва дар натиҷа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Раванди татбиқи лоиҳа шаффоф сурат гирифта, ба он мушовирони аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд интихобшуда кумаки техникӣ мерасонанд.

Лоиҳа, пеш аз ҳама, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоии сокинони деҳотро пайгирӣ менамояд, яъне қарзро бо асъори миллӣ ва фоизи мувофиқ дастрас намуда, аҳолии деҳот имконият пайдо мекунанд, ки шароити манзилии худро беҳтар намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.