АНМН: Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир ва аслиҳа


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддир ва аслиҳаро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нафар шаҳрванди 23-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо рӯймоли афғонии дорои 5 килову 732 гр афюн ва тахминан 11 кг ҳашиш ва ҳамчунин як адад туфангчаи тамғаи “Беретта” бо ду адад тирдонаш ва ҳафт дона тир дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дастгиршудагон дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Агентӣ қарор доранд ва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное